Хабарҳо

 

 

 

 

Май 2024

 

 
Мубодилаи асъор

1 USA

с.

1 EURO

с.

1 RUBL

с.

 

Маълумот

Сомонаҳои мо:
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

E-mail:
azim_84@mail.ru
timur-ibodov@mail.ru

Телефон:
(992) 93-459-99-52
(992) 98-803-30-10

 

 

НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

Ноҳияи Рӯдакӣ

Ноҳияи Рӯдакӣ яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар бахши марказии кишвар, дар водии Ҳисор ҷой дорад.

Ин ноҳия 21 январи соли 1935 ҳамчун ноҳияи Кӯктош дар вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта ва чанд бор номгардон шуд, то ин ки соли 1970 ба ёдбуди 100-умин солгарди зодрӯзи Владимир Ленин ноҳияи Ленин номида шуд.

Бар асоси Қарори № 462 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2003 ба поси хотири устод Абу Абдуллоҳ Рӯдакӣ ноҳияи Рӯдакӣ номида шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Сомониён аст, ки 17 км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Ҷойгоҳ

Ноҳияи Рӯдакӣ дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар шимол ва шимолу шарқ бо ноҳияҳои Варзоб, Ҳисор, Шаҳринав ва Ваҳдат аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ ва ҷануб — бо ноҳияҳои Қубодиён, Ҷиликӯл, Хуросон ва Ёвон аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ғарб — бо вилояти Сурхондарёи Узбакистон ҳаммарз аст.

Паҳноварии ноҳияи Рӯдакӣ 3302,8 км² аст. Аз шимолу шарқи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷанубу ғарби он рӯди Кофурниҳон гузар мекунад, ки ба рӯди Вахш мерезад.

Ҳукумат

Сарвари ноҳияи Рӯдакӣ Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Рӯдакӣ - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Рӯдакӣ ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Бахшбандӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Рӯдакӣ 3 шаҳрак - Сомониёну Навободу Мирзо-Турсунзода ва 13 ҷамоат дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ

Ҷамоатҳо

Аҳолӣ

Гулистон

31 680

Зайнабобод

36 716

Қиблаӣ

10 612

Лоҳур

15 424

Роҳатӣ

26 976

Русия

22 162

Сари киштӣ

26 584

Султонобод

13 180

Чимтеппа

26 342

Чоргултеппа

25 392

Чортеппа

25 400

Чоряккорон

20 657

Эсанбой

15920

 

Ноҳияи Варзоб  ·   Ноҳияи Ваҳдат  ·   Ноҳияи Нуробод  ·   Ноҳияи Рашт  ·  
Ноҳияи Роғун  ·   Ноҳияи Рӯдакӣ  ·   Ноҳияи Тавилдара  ·   Ноҳияи Тоҷикобод  ·  
Ноҳияи Турсунзода  ·   Ноҳияи Файзобод  ·   Ноҳияи Ҳисор  ·   Ноҳияи Шаҳринав  ·   Ноҳияи Ҷиргатол